Ссылки доступа

Covid-19: Дар Узбекистон табибон аз камбуди либоси муҳофизатӣ шикоят доранд


Дар Узбекистон кормандони соҳаи тиб, ки бо вируси корона мубориза мебаранд, аз камбуди либоси муҳофизатӣ шикоят доранд.

Табибон аз гӯшаву канори Ӯзбекистон мегӯянд, маҷбуранд, ки ҳар бор либосҳояшро бишӯянду дубора ба бар кунанд. Ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, хатари мубталошавӣ ба вируси коронаро бештар мекунад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти беҳдоштии Ӯзбекистон мегӯянд, ба корманди соҳаи тиб пайваста либоси нави муҳофизатӣ медиҳанд.

"Моро маҷбур мекунанд, ки либосҳои якдафъаниро бишӯем ва чанд маротиба истифода кунем. Мо бо раҳбарият борҳо дар ин бора суҳбат кардем, аммо бефоида", - гуфт Дилором Абдуваҳҳобова, як корманди тиб аз вилояти Тошканди Узбекистон.

Дар шаҳри Бухоро табибонро маҷбур кардаанд, ки аз ҳисоби худ либоси муҳофизатӣ харидорӣ кунанд.

"Мо то 200 доллар маош мегирем. Дар оғози паҳншавии вабо мо борҳо аз ҳисоби худ ин либосҳоро харидем. Мо аз шикоят кардан хаста шудем. Посухи роҳбарият ҳамеша чунин аст: агар намехоҳед кор кардан, аризаатонро нависед!", - гуфт як табиб аз Бухоро.

Табиби дигар аз шаҳри Нуқус ҳам ҳамин шикоятро кард.

XS
SM
MD
LG