Ссылки доступа

Дар Узбекистон маҳдудиятҳои карантинро то 15 август тамдид карданд


Комисияи махсуси ҷумҳуриявии Узбекистон дар умури мубориза бо коронавирус маҳдудиятҳои карантинро то 15 август тамдид кард.

Маҳдудиятҳои баргузории арусӣ ва дигар маросиму чорабиниҳо боқӣ мемонанд.

Шаҳрвандон ҳамчунин вазифадоранд, ки фосилаи иҷтимоиро нигаҳ доранд ва на бештар аз 3 тан дар маконҳои ҷамъиятиву кӯча ва назди ҳавлиҳо ҷамъ шаванд. Болои ин бояд ниқоб дошта бошанд. Ба шаҳрвандони аз 65-сола боло тавсия мешавад, ки хонашинӣ кунанд ва бидуни зарурат ба кӯча набароянд.

Ҳамзамон фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, бозорҳои либосу марказҳои тиҷорӣ, толорҳои варзиш, ҳавзҳо, нуқтаҳои ғизои умумӣ, сартарошхонаҳо ва ғайра аз сар гирифта нахоҳад шуд.

Дар Узбекистон сар аз 10 июл ин маҳдудиятҳо эълом шуданд. Мақомоти он кишвар дар пайи дубора авҷ гирифтани паҳншавии вируси корона маҳдудиятҳои мазкурро ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG