Дар ин бора аз маркази матбуотии неруҳои Украина хабар доданд.
Низоми оташбас бояд баъди нисфишабии 27 июл фаро расад. Гуруҳи сеҷонибаи тамос - Украина, Русия ва САҲА ин гуна созиш ҳосил карданд.
Ҷудоихоҳони Донетску Луганск, ки аз сӯи Русия пуштибонӣ мешаванд, гуфтанд, низоми оташбасро риоят хоҳанд кард. Ҷудоихоҳони Донетск ба ҷангҷӯёни худ дастур додаанд, ки аз силоҳ истифода накунанд.
Гуруҳи сеҷонибаи тамос ҳамзамон ба тадбирҳои иловагии назорати оташбас созиш ҳосил карданд. Дар Донбасси Украина борҳост, ки оташбас эълом мешавад, аммо ҳар боре он шикаста мешавад. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар вайрон кардани низоми оташбас айбдор мекунанд.
Низои шарқи Украина аз соли 2014 ба ин тараф идома дорад. Қисме аз вилоятҳои Донтск ва Луганск зери назорати ҷудоихоҳон аст. Украина ва Ғарб мегӯянд, Русия аз ҷудоихоҳон ҳимоят мекунад. Москва инро рад мекунад.