Ссылки доступа

Боздошти 9 тан дар Узбекистон дар доираи парвандаи рахнаи обанбори Сардоба


Дар бораи боздошти 9 тан дар доираи парвандаи рахнаи садди обанбори Сардобаи Узбекистон додситонкии кулли он кишвар хабар дод.

Садди обанбор рӯзи 1 майи соли ҷорӣ канда шуд ва боиси марги шаш тан гардид. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шуд.

Миёни боздоштшудаҳо шахсони масъул низ ҳастанд. Аз ҷумла фармоишгари сохтмон - корхонаи воҳиди давлатии "Сирдарё сув курилиш инвест", лоиҳакаш - "UzGip", - иҷрогарони фармоиш - ширкатҳои "Резаксой сув курилиш" ва "Тупаланг Шеробод", мақомоти вазорати об.

Дар хулосаи тафтишот гуфта шудааст, ки иштибоҳ ва норасоӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, сохтмон ва истифодаи обанбор боиси рахна шудани садди он гардидааст.

Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.

XS
SM
MD
LG