Ссылки доступа

Як масҷидро дар наздикии шаҳри Бишкек ба беморхона табдил доданд (видео)


Как работает полевой госпиталь для людей с коронавирусом в пригороде Бишкека
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Дар беморхонаи саҳроии шаҳри Бишкек пизишкон ҳамчун ихтиёриён кор мекунанд.

Бархе аз пизишкон баъди кори асосии худ, дар беморхонаи саҳроие навбатдорӣ мекунанд, ки дар бинои масҷид боз шудааст.

Масҷиде, ки ба беморхона табдил шудааст, тақрибан ҳамаи шароити нигаҳдории беморон фароҳам аст.

"Сокинони маҳаллӣ ба зудӣ розӣ шуданд, ки масҷид ба беморхона табдил шавад. Кату болин оварданд. Ҳамаи васоили заруриро хариданд. Худи сокинон доруву маблағ оварданд. Ман интизор надоштам, ки сокинон ин гуна вокуниш мекунанд", - гуфт Муҳаббат, пизишке, ки дар беморхонаи саҳроӣ фаъолият дорад.

Қирғизистониҳое, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, бо мушоҳидаи муттаҳидии сокинони деҳа, дасти ёрӣ дароз карданд. Кӯмакҳо ба ин масҷиди ба беморхонаи саҳроӣ табдил шуда аз Куриёи Ҷанубӣ, Русия ва Чехия расиданд.

XS
SM
MD
LG