Ссылки доступа

Дар ИМА бастаи дувуми кӯмакҳои марбут ба COVID-19 таҳия шудааст


Мақомоти ИМА дар пайи густариши вабои коронавирус бастаи нави кӯмакҳо барои сокинонро таҳия кардаанд. Дар маҷмуъ барои кӯмакҳои нав 1 триллион доллар ҷудо шудааст.

Дар ин бора вазири молияи ИМА Стивен Мнучин хабар дод. Вай гуфт, ба ҳар кадом хонавода тақсими 1200 доллар пешбинӣ шудааст.

Кохи сафед хабар дод, ки президент Доланд Трамп аз ин тарҳ ҳимоят кардааст.

Аз моҳи март ба ин тараф Вашингтон дар пайи густариши вабои коронавирус барои ҳимоят аз иқтисод ва аҳолӣ қариб 3 триллион доллар харҷ кардааст.

ИМА яке аз кишварҳоест, ки аз COVID-19 бештарин зиёнро дидааст. Шумори гирифторон дар ИМА ба бештар аз 4 миллион мерасад. Шумори фавтидагон қариб 150 ҳазор касро ташкил медиҳад.

Дар саросари дунё наздики 16,5 миллион кас ба вабои коронавирус гирифтор шудааст. Шумори умумии фавтидагон аз 650 ҳазор кас гузаштааст.

XS
SM
MD
LG