Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, аз 3 август маҳдудиятҳои карантин сабуктар шаванд


Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Тсой дар ҷаласаи ҳукумати он кишвар рӯзи 28 июл гуфт, ки эҳтимол дорад, маҳдудиятҳои карантин сар аз 3 август марҳила ба марҳила сабуктар шаванд.

Ба гуфтаи вай, қисме аз муассисаҳои бахши хизматрасонӣ метавонанд, фаъолияташонро аз сар гиранд. Вазир афзуд, марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо ҳам иҷозаи фаъолият хоҳанд дошт.

Аммо баргузории маъракаҳои оммавӣ, фаъолияти муассисаҳои дилхушӣ, толорҳои синамо, табархонаҳо, клубҳои шабона ва муассисаҳои динӣ ҳамоно баста хоҳанд монд. Вазир афзуд, равуои нақлиёти мусофирбари байнишаҳрӣ ҳамоно манъ аст.

Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон хабар дод, қарори вазири тандурустиро баъди баррасии комисияи давлатӣ қабул ё рад хоҳад кард.

Мақомоти Қазоқистон аз 5 июл ба ин тараф, дар пайи дубора авҷ гирифтани шумори беморони коронавирус дар кишвар карантин эълом карданд. Дар Қазоқистон 585 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG