Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати он кишвар хабар доданд.
Ба иттилои маркази матбуотӣ, дар рӯзи мотами қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон парчами давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пойин оварда хоҳад шуд. Ба ширкатҳои радиову телевизионӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ машварат дода шудааст, ки дар он рӯз барномаҳо ва чорабиниҳои тафреҳиро қатъ кунанд.
Ба иттилои расмӣ, дар Қирғизистон 1301 кас аз вируси корона вафот кардааст. Шумори умумии гирифторони ин вабо дар Қирғизистон ба 33 ҳазору 296 кас расидааст.