Ссылки доступа

Ним миллион муҳоҷири узбекистонӣ натавонистанд, ба суроғи кор ба хориҷи кишвар раванд


Дар натиҷаи маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии коронавирус наздики 500 ҳазор муҳоҷири меҳнатии Узбекистон натавонистаанд, ки ба хориҷи кишвар ба суроғи кор раванд.

Дар ин бора Раҳимҷон Махкамов, сухангӯи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон рӯзи 27 июл хабар дод.

Ба гуфтаи ин мақомдор, аз ин теъдод муҳоҷири меҳнатӣ бештар аз 72 ҳазорашон дар кишвар кор пайдо карданд.

Дар моҳҳои январ-июни соил ҷорӣ бештар аз 219 ҳазор шаҳрванди Узбекистон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвар баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG