Ссылки доступа

Одил Қаюмов, шахсе, ки дар Химкии Маскав кушта шуд, кист? Сафорат шарҳ хост


Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Русия дар бораи шахси кушташуда дар ҳодисаи шаҳри Химкии вилояти Маскав шарҳ хостааст.

Рӯзи 27-уми июл ФСБ, Хадамоти Федеролии Амнияти Русия, хабар дод, ки "зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро пеш аз анҷоми ҳамлаи террористӣ кушт". Баъдан матбуоти Русия аз қавли манобеи худ навиштанд, нафари кушташуда Одил Қаюмов, шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон аст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз аз мақомоти Русия дар бораи ҳувияти шахси кушташуда маълумот нагирифтаанд.

ФСБ дар шарҳи хабараш гуфтааст, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи тафтишотии Русия "тавонист пеши роҳи як узви созмони террористиро бигирад, ки мехост, дар макони пуриздиҳом ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад".

Дар ривояти ин ҳодиса омадааст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар як маҳалле бо гаражҳои холишудаи шаҳри Химки "марди шубҳанокро шинохтанд, ки ҳангоми боздошт аз тири туфанге оташ кушод". Аз ин мард гӯиё автомати АК-74, се норинҷак ва захирагоҳи тир мусодира шудааст.

Чанде аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гуфтанд, бо чунин ному насаб ва синну сол шахсеро аз ноҳияи Рӯдакӣ мешинохтанд, ки дар нуқтаи таъмири мошинҳо кор мекард.

Абдулхайр Раҳимов, як муҳоҷири тоҷик гуфт, ин ҷавонро бори охир моҳи марти имсол дида буд. "Агар ин ҳамон Одил Қаюмове бошад, ки бачаҳо мешинохтанд, боварнокарданист, ки террорист бошад. Баръакс, бачаҳо мегуфтанд, бо ӯ наздикӣ накунед, ки "хабаррасон"-и маъмурони ФСБ аст. Ягон нишонаи ифротгароӣ дар чеҳрааш набуд", -- гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Дар ҳоле ки мақомоти Русия ба "террорист" будани ӯ таъкид мекунанд, Баҳром Ҳамроев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон инро ба саҳнаҳои созмондодашудае монанд мекунад, ки дар ин кишвар зуд-зуд бо иштироки муҳоҷирон такрор мешавад.

Ӯ мегӯяд, "ин саҳна аз рӯйи сенарияи кӯҳна таҳия шудааст ва ҳатто ҷойи Сурияро дар ин ҷо ба кишвари дигар иваз накардаанд". Ишораи Ҳамроев ба изҳороти ФСБ аст, ки гуфт, ин ҷавон аз қаламрави Сурия идора мешуд ва пас аз анҷоми ҳамлаи террористӣ мехост ба ин кишвари арабӣ фирор кунад.

Ба қавли Ҳамроев, "аз соли 2017 ба ин сӯ муҳоҷирони мағзшӯйишуда ба Сурия намераванд ва ин кишвар дигар макони ҷалби ифротгароён нест."

"Чизи дигари шубҳаовар ин аст, ки гуё ҷавон аз дохили гараж берун шуда, ба макони амалиёти эҳтимолиаш мерафтааст. Агар ба ин бовар кунем, пас, ӯ то ҷойи расидан бояд автоматашро дар борхалта пинҳон мекард, ки дар роҳ натобад. Агар автоматаш дар борхалта буд, зинда боздошт карданаш осон буд. То автоматро мебаровард, ки боздошт мешуд", -- гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо ба ин андеша аст, ки ҳоло дар пасманзари эътирозҳои мардумӣ мақомоти Русия талош доранд, назари мардумро ба тарафи дигар бикашанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин ҷавон муқовимат нишон додааст, вале дар наворҳои нашршуда ҳеч ҷое осори тир дида намешуд. Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, "суолҳо зиёд аст. Автомату тирдон аз куҷо омад? Маъмулан ифротгароён бештар бомбаҳои худсохт месозанд, вале дар навори ин ҷавон автомати сохти нав дида мешавад. Онро кӣ ба ӯ дод ва аз куҷо гирифт? Ин суолҳо дар чунин ҳодисаҳо то охир ҷавоб надоранд."

Ҳодизода, баръакси Баҳром Ҳамроев мегӯяд, дар вилояти Идлиби Сурия ҳанӯз гурӯҳи дигаре, ки бештар худро мухолифони Башор Асад меноманд, фаъол ҳастанд ва дар сафи онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ низ ҳастанд. Онҳо аз кумакҳои Русия ба режими Асад хашмгинанд, вале то ҳол ҳеч бор берун аз хоки Идлиб амалиёт накардаанд.

Боздошт ва ё куштани шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони терроризм дар Русия таърихи чандон тӯлонӣ надорад. Ин раванд аз соли 2013, замоне шуруъ шуд, ки садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз хоки Русия барои пайвастан ба Сурия рафтанд. То он вақт аксар ҳамлаҳои террористӣ дар хоки Русияро ба зодагони Қафқоз рабт медоданд.

Дар ҳафт соли ахир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо чунин гуноҳ боздошту зиндонӣ шуданд. Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик, мегӯяд, эҳтимоли аксари ин боздоштҳо воқеият доранд, вале бо дарназардошти ҳама ҳодисаҳоро ба сиёсат омезиш додан дарёфти воқеият мушкил аст.

Эсен Усубалиев, раҳбари созмони "Тасмимҳои дурандешона" дар Қирғизистон мегӯяд, ақидаҳои ифротагроӣ миёни муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфтааст ва ӯ ба ин андеша аст, ки мақомоти Русия барои боздошти онҳо бо эҳтимоли зиёд далел доранд.

Ҳодисаи кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо айни иттиҳом нав нест. 21-уми майи соли гузашта дар вилояти Владимири Русия ду амакбача аз ноҳияи Ёвони Тоҷикистон кушта шуданд.

Он замон дар наворе, ки Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия намоиш дод, дар манзили зисти ин ду муҳоҷир силоҳ дида мешавад. Ба гуфтаи мақомот, онҳо ба ҳамлаи террористӣ омодагӣ мегирифтанд ва ҳангоми боздошт муқовимат нишон додаанд. Аммо муҳоҷирони тоҷик, ки ин ду нафарро аз наздик мешинохтанд, гуфта буданд, ки дар рафтори кушташудагон ҳеч амали шубҳанокро надида буданд.

Моҳи апрели соли 2017 айни чунин ҳодиса ба ду бародар аз ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон дар вилояти Владимир рух дода буд. Аз манзили зисти онҳо низ гуё силоҳ ёфта буданд, аммо дурустии ин хабарро манбаи мустақиле тасдиқ накардааст.

Ҷасади ин ду бародар пас аз ним сол ба дасти наздиконашон расида буд. То лаҳзаи интиқоли тобути онҳо ба Тоҷикистон дар мавриди кушта шуданашон касе хабар намедод.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Агар дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, тайи солҳои ахир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор шуда, боздошт ё тайи амалиёт кушта мегарданд. Амалиёте, ки коршиносон ба воқеӣ будани онҳо бо шубҳа менигаранд.

XS
SM
MD
LG