Ссылки доступа

Иктишофҳои ИМА: Русия дар бораи коронавирус хабарҳои дуруғ паҳн мекунад


Плакат ЕС о российской дезиинформации о COVID-19
Плакат ЕС о российской дезиинформации о COVID-19

Хадамоти махсуси Русия барои паҳн кардани иттилои дуруғ дар робита ба ҳамагир шудани коронавирус аз чанд сомонаи англисизабон истифода мекунад

Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла The New York Times ва Associated Press бо истинод ба гузориши иктишофҳои ИМА хабар додаанд. Бар асоси ин гузориш, Хадамоти иктишофи низомии Русия дасти кам аз се сомона - InfoRos.ru, Infobrics.org и OneWorld.press - истифода мекунад, ки дар онҳо то ҳол беш аз 150 матлаб нашр шудааст. Ин матлабҳо иддаои мақомоти Чинро тасдиқ мекунанд, ки гуфтанд, коронавируси нав гӯиё дар яке аз озмоишгоҳҳои Амрико ҳамчун силоҳи биологӣ коркард шудааст.

Дар гузориш номи Денис Тюрин ва Александр Старунский низ оварда шудааст, ки нашри матлабҳоро ба роҳ мемонанд. Ба гуфтаи иктишофҳои амрикоӣ, онҳо бо иктишофҳои низомии Русия робита доранд.

Манбаъҳои нашрия New York Times мегӯянд, Бюрои федеролии тафтишотӣ иртиботи як сомонаи дигар Strategic Culture Foundation бо Хадамоти иктишофи хориҷии Русияро таҳқиқ дорад. Ин сомона моҳи майи имсол якбора нашри матлабҳои танқидиро дар бораи Эвелин Фаркас, корманди пешини маъмурияти президенти пешини Амрико Барак ​Обама оғоз кард, ки бо изҳоротҳои тундаш зидди Кремл маъруф аст.

Сомонаи InfoRos.ru хабари иртибот доштани худро бо иктишофҳои Русия "беасос" номид ва гуфт, танҳо назарҳои "гуногун"-ро нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG