Ссылки доступа

Табиби ӯзбек, ки аз мубталоён санҷиш мегирифт, баъди як ҳафтаи тасфи баланд даргузашт


 Холисхон Джалолова
Холисхон Джалолова

Корманди48-солаи Маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд Холисхон Ҷалолова бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтид.

Ҷалолова дар маҳалли кор ба бемории "илтиҳоби шуш" мубтало шудааст. Тасфи ӯ 9 июли соли равон баланд шуда, натиҷаи санҷиши вай, ки якбор супоридааст, манфӣ баромада буд.

"Аввали моҳи июл як ҳамкори модарам ба коронавирус мубтало шуд. Сар аз 9 июл тасфи модарам баланд шуд. Ба раҳбарияташон барои супоридани тест муроҷиат кард, вале посухи рад гирифт. Ба ӯ гуфтанд, ки қурс истеъмол кунад. Ҳаминтариқ модарам бо тасфи 38, 39 то 16 июл ба кор рафт. 17 июл тасфи вай 40 шуд. Худи ҳамон рӯз вайро бистарӣ карданд", - изҳор дошт духтари Ҷалолова - Мукамбар Умарова.

Ба гуфтаи Умарова, табибон ташхиси бемории модарашро "илтиҳоби шуш" гузошта, тавсия додаанд, ки аз санҷиши вирус гузарад, вале Маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳия аз ӯ санҷиш нагирифтаанд.

"Он рӯз шанбе буд ва аз модарам санҷиш нагирифтанд. Гуфтанд, дастур шудааст, ки рӯзҳои истироҳат санҷиш нагиранд. Ба рақамҳои боварии Вазорати тандурустӣ ва Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон занг задам, вале касе ҷавоб надод. Дар натиҷа модарам 21 июл даргузашт", - афзуд Мукамбар Умарова.

Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон ва бахшҳои он дар минтақаҳо дар ҳоли ҳозир ягона маҳалли супоридани санҷиши вирус ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG