Ссылки доступа

Дар Туркманистон қабрҳои навро аз моҳвора "пинҳон" мекунанд


Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон аз наздикони фавтидаҳо талаб доранд, қабрҳои навро тавре кунанд, ки аз моҳвора нанамоянд.

Ин талаби мақомоти туркман баъди нашри матлаби ахири расонаи "АССА" аст, ки бо истинод ба харитаи моҳвораӣ аз афзоиши қабрҳо дар шаҳри Балканободи Туркманистон хабар медиҳад. Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки танҳо дар давоми камтар аз як моҳ, аз 25 март то 15 апрели соли равон дар қабристони шаҳр 317 қабри нав пайдо шудааст.

Бино ба иттилои хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ, шумори қабрҳо дар вилояти Лебапи ин кишвар назар ба соли гузашта 15 баробар бештар аст. Мақомоти туркман аз наздикони фавтидаҳо талаб мекунанд, пайвандони худро тавре гӯронанд, ки қабрҳо аз моҳвора нанамоянд. Ҳамчунин рафтан ба маросими дафн, гузоштани санг ё нишонаҳои дигар бар сари қабрҳо манъ аст.

Мақомоти Туркманистон то ҳол иддао доранд, ки дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале бахши туркмании Радиои Озодӣ ахиран иттилоъ дод, ки тақрибан аз ҳамаи хонаводаҳои Туркманистон нафаре ба вирус гирифтор шудааст.

XS
SM
MD
LG