Ҳодиса 12 июли соли равон рух додааст. Ин зан дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки дар роҳ мунтазири таксӣ буд ва ҷавоне бо мошини навъи Mercedes-Benz омада, бар ивази 100 доллар ба ӯ пешниҳоди ҳамхобагӣ кард. Зан дар посух зарфи обро ба самти мошин ҳаво дода, дар натиҷа ҷавон вайро дашном додааст.
"Чаро мардҳо ин гуна рафтор мекунанд? Магар онҳо, модар, хоҳар, зан ё духтар надоранд? Ман мехоҳам, ин аҳмақҳо муҷозот шаванд. Ягон аҳмақ ҳақ надорад, на фақат бо ман, балки бо тамоми занҳо ин гуна рафтор кунад!", - навишта буд ӯ.
Маъмурони пулиси Душанбе Қосим Оевро 28 июл дастгир карданд. Оев дар "майдаавбошӣ" айбдор ва 406 сомонӣ ҷарима шуд.