Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дар бораи парвандаи Аскаров: Ҳамаи меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуданд


Президенти Қирғизистон Соронбой Ҷеенбеков гуфт, дар робита ба парвандаи ҳомии ҳуқуқи фавтида Азимҷон Аскаров тамоми меъёрҳои байналмилалӣ риоя шудаанд.

"Ин парванда аз соли 2010 ба ин сӯ таваҷҷуҳи сокинони Қирғизистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб мекард. Ҳар ду ҷониб ба зинаҳои гуногуни додгоҳӣ муроҷиат карданд. Меъёрҳои байналмилалӣ риоя шудаанд. Дар Қирғизистон бояд волоияти қонун бошад ва агар ман қарори додгоҳро шарҳ диҳем, нодуруст мешавад", - афзуд ӯ.

Вай ҳамчунин изҳори таассуф кард, ки "дар давраи ҳамагир шудани коронавирус шаҳрвандони зиёди мо ҷон бохтанд".

Пештар Хадича Аскарова, ҳамсари Азимҷон Аскаров дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, "шавҳараш ҳамеша бовар дошт, ки рӯзе адолат тантана мекунад ва ӯ ба озодӣ мебарояд".

Азимҷон Аскарови 69-сола рӯзи 25 июл дар зиндони Қирғизистон вафот кард.

Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Додгоҳӣ олӣ ҳам 13 майи соли 2020 ин қарорро бетағйир монд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ соли 2016 дар хулосаҳои худ оид ба қазияи Аскаров гуфт, ки ӯ дар зиндон шиканҷа ва аз ҳуқуқи дастраси ба кӯмаки тиббӣ ва адолати судӣ маҳрум шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳомиёни ҳуқуқ моҳи феврали соли ҷорӣ аз риоя нашудани қарори СММ аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи Бишкек шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG