Ссылки доступа

Дар Тошканд ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ ҷанҷол сар зад


Дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд 31 июл ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар давраи ҳамагир шудани коронавирус ваъда додааст, миёни сокинон ва намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ҷанҷол сар зад.

Сокинони норозӣ гуфтанд, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо кумакҳоро на ба ниёзмандон, балки шиносҳои худ тақсим мекунанд. Як манбаъ низ гуфт, ҳодисаҳои ҳамсон дар вилояти Хоразм ҳам мушоҳида шудааст.

Видеое, ки дар Интернет нашр шуд, нишон медиҳад чи гуна кормандони ҳифзи ҳуқуқ талош доранд, ҷонибҳои низоъро ором кунанд.

Дар навор ҳамчунин ҷанҷоли намояндагони кумитаи маҳаллаҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ сабт шудааст. Сокинони Сергелӣ дар навор мегӯянд, намояндагони кумита ба ниёзмандони воқеӣ кумак намекунанд.

Дар натиҷа 1 август ба ноҳияи Сергелӣ намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон ва шаҳрдории Тошканд рафтанд. Ба иттилои расонаҳо, сокинони норозӣ бо муовини сарвазир ва вазири рушди иқтисодиву коҳиши фақр дар Ӯзбекистон Ҷамшед Кучкаров, вазири умури маҳалла ва хонаводаҳо Раҳмат Маматов ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев мулоқот карданд.

Намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон ба сокинони Сергелӣ ваъда додаанд, ки масъалаи расонидани кумаки мазкури иҷтимоиро баррасӣ хоҳанд кард. Шаҳрдори Тошканд ба сокинон як рӯз вақт додааст, ки бо раисони маҳаллаҳо рӯйхати ниёзмандонро худ таҳия кунанд.

"Ин кумак 700 ҳазор сӯм аст. Дар аввал дар ҳар як лифофа дар ҳақиқат 1 миллион сӯм (100 доллар) буд, вале вақте дарёфткунандагон лифофаҳои худро пинҳон карданд, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва маъмурият гуфтанд, ҳар нафари шумо бояд 300 ҳазор сӯмиро баргардонад, дар ғайри сурат дафъаи оянда ба рӯйхати ниёзмандон шомил намешавед", - мегӯяд муаллифи навор.

XS
SM
MD
LG