Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, дар ҳоли ҳозир дар урдугоҳи паноҳандагони "ал-Ҳол"-и Сурия беш аз 100 зани қирғизистонӣ ҳамроҳи фарзандони худ қарор дорад. Наздикони қирғизистониҳои дар Сурия буда пештар низ борҳо аз мақомот баргардонидани наздикони худро дархост карда буданд.
Урдугоҳи "ал-Ҳол" бузургтарин макони нигаҳдории ҳамсарони ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар Сурия ба шумор меравад. Ин урдугоҳ дар ҳоли ҳозир зери назорати курдҳо аст. Дар онҷо даҳҳо ҳазор зан ҳамроҳи фарзандонашон нигаҳдорӣ мешаванд.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон моҳи октябри соли 2019 хабар дод, ки дар урдугоҳ ва зиндонҳои Сурия ҳудуди 500 шаҳрванди ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи масъулони кумита, мақомоти қирғиз барои баргардонидани онҳо гуфтугӯ доранд.