Ссылки доступа

Коронавирус сатҳи бекориро дар Ӯзбекистон боло бурд


Вазорати меҳнат ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар ин кишвар сатҳи бекорӣ ба 13,2 дарсад расидааст.

Ба гуфтаи вазорат, сатҳи бекорӣ дар Ӯзбекистон дар натиҷаи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус боло рафтааст.

Як пажӯҳиш нишон дода, ки мизони бекорӣ дар миёни қишри фаъоли аҳолии Ӯзбекистон аз нигоҳи иқтисодӣ 13,2 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 9,1 дарсад будааст.

Шумори умумии ӯзбекистониҳое, ки ба ҷои кор ниёз доранд, ба 1 994,0 ҳазор расидааст (Сатҳи бекорӣ дар миёни ҷавонони аз 16 то 30-сола 20,1 дарсад, дар миёни бонувон 17,4 дарсад).

Ин пажӯҳиши вазорат дар асоси меъёрҳои тавсиявии Созмони байналмилалии кор дар 101 шаҳру ноҳияи Ӯзбекистон анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG