Ссылки доступа

Помпео: ширкатҳои ИМА аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Шинҷони Чин "акнун огаҳ мешаванд"


Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ширкатҳои амрикоӣ акнун дар бораи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар минтақаи Шинҷони Чин огаҳ шуданд. Ӯ бори дигар аз ширкатҳо даъват кард, ки тасмими роҳандозии тиҷорат дар он минтақаро бознигарӣ кунанд.

Пампео 2 август дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, ИМА тасмим дорад, рӯзҳои наздик зидди ширкатҳои чинӣ дар бахши таъмини барномаҳо чора андешад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки созиши тиҷории Чину Эрон ба нооромшавии вазъ дар Ховари Миёна мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи вай, "Корпуси истеҳсолӣ-сохтмонии Шинҷон" (XPCC), ки Вазорати молияи ИМА 31 июл онро таҳрим кард, бо ширкатҳои ғарбӣ, аз ҷумла амрикоӣ "робитаҳои зич" дорад. Пампео изҳор дошт, ки XPCC дар истеҳсоли пахта ширкат дошт. "Фикр намекунам, баъзе аз ширкатҳо, брендҳои Амрико мехоҳанд ба он чи дар онҷо рух медиҳад, рабт дошта бошанд", - афзуд котиби давлатии ИМА.

Таҳримҳо ҳабси дороии ширкатҳо ва мансабдоронро пешбинӣ ва муносибатҳои кории шаҳрвандони ИМА бо онҳоро манъ мекунад. Брендҳои амрикоӣ, ки бо истеҳсоли либос машғуланд, қисми зиёди пахтаро аз Чин ворид мекунанд.

Пампео Ҳизби коммунистии Чинро ба анҷоми "чизҳои даҳшатовар" нисбат ба уйғурҳо, мусулмонони туркзабони Шинҷон, аз қабили нозо кардани занону сиқти иҷбории ҳамл айбдор кард.

XS
SM
MD
LG