Ссылки доступа

Дар ним сол аз ду ҳамла дар Тоҷикистон пешгирӣ шудааст


Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ним соли гузашта аз ду ҳамлаи, ба гуфтаи онҳо, террористӣ пешгирӣ кардаанд.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳарду ҳамларо ҷонибдорони гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ карда буданд. "Пеш аз он ки ҳамларо анҷом диҳанд, дастгир шуданд. Онҳо мехостанд, ҳамлаҳоро дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт анҷом диҳанд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҳадаф қарор диҳанд", -- афзуд ӯ.

Тасдиқи хабар аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамзамон аз ошкор шудани 875 ҷинояти хусусияти терроризму ифротгароидошта хабар дод. Шодӣ Ҳафиззода гуфт, дар ним сол беш аз дусад узви созмонҳои террористиву ифротгароро дастгир кардаанд. Вай шумори афроди дастгиршударо чунин баршумурд:

  • 203 узви "Бародарони мусалмон";

    27 узви "Давлати исломӣ";

    17 узви "Салафия";

    8 узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ";

    4 узви "Гурӯҳи 24";

    3 узви ҲНИТ;

    3 узви "Ал-Қоида";

    1 узви "Ҳаракати исломии Узбекистон";

    1 узви Толибон;

    1 узви "Ҷамоати таблиғ".

Ба қавли ӯ 92 нафаре, ки ба узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро муттаҳам буданд, дар хориҷ дастгир ва ба кишвар оварда шудаанд.

Назари муттаҳамон ва пайвандону вакилони дифои онҳо маълум нест. Мақомот дар гузашта навори баъзе аз боздоштшудаҳо ва ибрози пушаймонии онҳоро дар телевизионҳои давлатӣ пахш кардаанд, аммо маълум нест он таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои ахир Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодиҳои сиёсиву мазҳабиро дар кишвар маҳдуд мекунад. Интиқоде, ки мақомот онро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG