Муовини вазири умури дохилии Украина Антон Герашенко хабар дод, ки боздоштшуда шаҳрванди 32-солаи Ӯзбекистон Суҳроб Каримов аст. Ба гуфтаи Герашенко, Каримовро дар натиҷаи амалиёти "Бумеранг" ва "Гром" дастгир карданд.
Герашенко дар Фейсбук навишт, 3 август, соати 12:00 намояндаи "Универсал Бонк" ба пулис хабар дод, ки ҷавони ношиносе ба шуъбаи онҳо даромада, таҳдид дорад, ки биноро бо бомб метарконад.
Дар натиҷа ба гуфтаи Антон Герашенко вазъ зери назорат гирифта шуда, ситоди махсус ташкил ва гуфтугӯ бо шаҳрванди Ӯзбекистон оғоз гашт.
"Вай талаб кард, ки намояндагони расонаҳоро ба наздаш фиристанд, то бо онҳо суҳбат кунад. Ҳамчунин 40 ҳазор гривен (1,4 ҳазор доллар) хост", - иттилоъ дод муовини вазир ба хабарнигорон.
Дертар пулис ба хабарнигорони телевизионҳои "НАШ", "Zik" ва "112 Украина" иҷозат дод, ки ба назди Каримов ворид шаванд. Каримов ҳангоми суҳбат бо онҳо боздошт шуд.
Зидди боздоштшуда бо банди "Амали террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гуфтаи Герашенко, ба ӯ муҳлати тулонии зиндон таҳдид мекунад.