"Миёни теъдоди ҳолатҳои фавти дарҷшуда дар омори расмӣ ва дар ҳаёти воқеӣ фарқият мавҷуд аст", - изҳор дошт узви Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон Ҳабибулло Оқилов 3 август зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд.
Ба гуфтаи Оқилов, танҳо фавтидаҳое ба омори расмии қурбониёни коронавирус шомил мешаванд, ки натиҷаи озмоишашон мусбат баромадааст. Дар ҳолатҳои боқӣ сабаби марг илтиҳоби шуш номида мешавад.
Дар Ӯзбекистон то ҳол расман 161 ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Вале манобеи мустақил мегӯянд, шумори қурбониёни вирус бештар аз омори расмист.
Дар Қазоқистону Қирғизистон аллакай омори фавтидаҳо бар асари коронавирус ва илтиҳоби шушро як карданд. Зеро ба гуфтаи табибон, бемории илтиҳоби шушро коронавирус бармеангезад.