Ссылки доступа

Ҳазорҳо сокини Қазоқистон аз президент афви қарзҳояшонро хостанд


Гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси Ҳизби демократии Қазоқистон ба раҳбарии фаъоли маданӣ Ҷонболат Мамай 4 август ба хотири ироаи даҳҳо ҳазор дархости афви қарзи сокинон дар давраи коронавирус ба самти қароргоҳи президент равона шуд.

Вале онҳоро дар роҳ ба сӯи қароргоҳи президент боз доштанд. Дар миёни ҷамъшудаҳо онҳое низ буданд, ки бо гуруҳ ҳеч иртиботе надоштанд. Аз ҷумла модарони серфарзанд низ ҳузур доштанд.

Маъмурони пулис бо истинод ба карантин нагузоштанд, ки ҷамъшудаҳо ба бинои қароргоҳи президенти Қазоқистон наздик шаванд. Шумори маъмурони пулис назар ба ҷамъшудаҳо бештар буд.

Ба назди аъзои гуруҳ як масъули маъмурияти президенти Қазоқистон баромада, гуфт, бо назардошти маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус метавонанд танҳо чанд нафарро ба дохил роҳ диҳанд. Ӯ ваъда дод, ки бо ду узви гуруҳ ҳамаи дархостҳоро ҳисоб карда, санад хоҳад дод, ки онҳо расман пазируфта шуданд. Баъди ваъдаи ӯ мардум пароканда шуданд.

Мамай дертар дар Фейсбук навишт, ки гуруҳ дархостҳоро ба маъмурияти президенти Қазоқистон пешниҳод кард.

Гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси Ҳизби демократии Қазоқистон давоми чанд моҳи ахир масъалаи афви қарзи сокинонро мебардорад. Мамай мегӯяд, мардум дар давраи коронавирус маҷбуранд, барои пардохти қарзи ҳаррӯзаашон дубора қарз гиранд.

XS
SM
MD
LG