Асанов гуфт, фасодкорие, ки дар солҳои аввали истиқлоли Қирғизистон оғоз шуда буд, дар давраи ҳукумати кунунӣ низ идома дорад.
"Мутаассифона, фасодкории олигархӣ, роҳзанона ва қабилавие, ки дар давраи президентии Аскар Акаев ташкил шуда буд, дар давраи Сооронбой Ҷеенбеков низ идома дорад. Аз президент даъват мекунем, фавран нисбат ба раҳбари ин гуруҳ "Райим миллион" чораи қонунӣ андешад. Мо талаб дорем, ки президент то порлумони интихоботӣ ошкоро эълом кунад, ки аз кӣ - мардуми Қирғизистон ё гуруҳи роҳзанҳо ҷонибдорӣ менамояд", - изҳор медорад Асанов.
Дастгоҳи президенти Қирғизистон то ҳол ин муроҷиатномаро шарҳ надодааст.