Ссылки доступа

Аввалин хулосаҳо аз истихроҷи инфиродии тило дар Тоҷикистон (гулчин)


Расонаҳои минтақа ҳақ доранд, аз матлабҳо ба сурати комил ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён шакли аслии наворҳо фиристода мешаванд.

- Осиё: дар Тоҷикистон аккредитатсия ё парвонаи кори хабарнигори Настояшее времяро бекор карданд. Анушервон Орифов баъди як гузоришаш дар бораи сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз парвона маҳрум шуд. Пулиси Туркманистон "шикор"-и сокинони бениқобро оғоз кард. Дар Русия сахттар кардани қоидаҳои вуруди муҳоҷиронро пешниҳод доранд. Мақомоти Ӯзбекистон шартҳои сабуктар кардани карантинро гуфтанд. (видеои Настоящее время)

- Падари Азизбеки 18-сола мегӯяд, гунаҳкорони марги писараш ҷазо гиранд (видео)

-​ Президент -- меҳмони хонаводаҳо. Ҳолпурсӣ ё оғози таблиғоти интихоботӣ? (видео)

- ​Аввалин хулосаҳо аз истихроҷи инфиродии тило дар Тоҷикистон (видео)

- Қазоқистон: чи гуна вазир ба суоли хабарнигорон посух (на) медиҳад. Намояндагони ВАО мегӯянд, аз посухҳои вазири тандурустии Қазоқистон Александр Сой ба пурсишҳояшон норозиянд. ,(видео)

- Суҳбати вижаи номзад ба мақоми президентии Беларус Светлана Тихановская​. (видеои Настоящее время)

- Президенти Тоҷикистон ба хонаи сокинон ба меҳмонӣ рафт. Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаҳои ахир сафарҳои зиёдеро ба минтақаҳои кишвар анҷом медиҳад. Иншоотҳои навро бозу бо кишоварзон суҳбат мекунад ва ба хонаи сокинон ба меҳмонӣ меравад. (видео аз Директ)​

- Боздошти муҳоҷирони тоҷик баъди ҷанҷол дар бозори Маскав. Маъмурони интизомии Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда, чандин муҳоҷири дигарро бо гуноҳи "итоат накардан ба амри пулис" 1000-рублӣ ҷарима бастаанд. (видео)

- Дар ним сол аз ду ҳамла дар Тоҷикистон пешгирӣ шудааст. (видео)

- Санҷиши кормандони Хадамоти гумрук: Ислоҳоти воқеӣ ё зоҳирӣ? (видео)

- Чи гуна Лукашенко 26 сол тавонист сари қудрат бимонад​. (видеои Настоящее время)

- Мушовири раиси вилояти Талас дучархасавореро пахш кард. (видеои Директ)

- Эътироз бо талаби ихроҷи сафири Чин ва боздошти ягона иштирокчӣ. Шахсе, ки дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато эътироз кард, боздошт шуд. (видео)​

- Коронавирус ба урдӯгоҳҳои паноҳандагони Сурия расид. Бо расидани короновирус ба баъзе аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Сурия ин нигаронӣ бештар мешавад ки мумкин аст маргу мир дар миёни ин мардуми осебпазир зиёд шавад. Гузориши Ҳезер Мардок аз Садои Амрикоро Тоҳири Сафар тақдим мекунад. (видео)

- Чи гуна сокини Бишкек тавонист дар давраи ҳамагир шудани коронавирус тиҷораташро ба роҳ монад. (видеои Настоящее время)

- Эрон розӣ шуд, барои сарнагун сохтани ҳавопаймои Украина ҷуброн пардозад. (видеои Настоящее время)

- Азимҷон Аскаров кӣ буд? ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси абад Азимҷон Аскаров, ки дар зиндони Қирғизистон фавтид ва дар Ӯзбекистон дафн шуд, кӣ буд? (видеои Настоящее время)

- «Минтақаи хатарнок» дар беморхонаҳои Қирғизистон. (видео)

- Дар қабристонҳои Туркманистон шумори қабрҳои нав меафзояд. (видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG