Ссылки доступа

Фармони боло бурдани маошу нафақа дар Тоҷикистон имзо шуд, аз кӣ чӣ қадар?


Архивное фото

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон, бинобар таъсири манфии пандемияи короновирус, аз камбуди пул дар буҷаи кишвар мегӯянд, маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва стипендия аз якуми сентябри имсол 15 дарсад боло бурда мешавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми август дар ин замина фармон имзо кард ва ҳадафи тасмимро "баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ" номид. Маоши ҳарбиён, кормандони додситонӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқро 10 дарсад боло мебаранд.

Кормандони баъзе аз идораҳо мегӯянд, дар давраи пандемияи коронавирус нархи маҳсулот дар бозорҳо ба таври чашмрас боло рафт ва афзоиши маошу нафақа қарори дуруст аст. Вале нигаронии коршиносон аз он аст, ки мақомот дар давраи пандемияи коронавирус буҷаро чӣ гуна пур хоҳанд кард. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "мо дар буҷа ин маблағҳоро пешбинӣ кардаем".

Раҷабалӣ Шайхов, омӯзгор аз ноҳияи Восеъ, мегӯяд, чунин афзоиши маош дар зиндагиаш тақрибан бетаъсир хоҳад буд: "Агар ҳазор сомонӣ маош дошта бошӣ, 150 сомонӣ зиёд мешавад. Як халта орд 230-240 сомонӣ шудааст."​

Бештаре аз кормандони бахши буҷавӣ ба ин назаранд, ки даромади аслии онҳо аз маошашон нест. Онҳо маъмулан ба кори изофӣ ё кишоварзиву чорвопарварӣ машғул мешаванд. Нуриддин Норов, омӯзгор аз шаҳри Душанбе мегӯяд, фарзандони муҳоҷираш ба ӯ кумак мекунанд, то чархи зиндагиашро гардон кунад.

Бино ба иттилои Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳадди миёнаи нафақа айни замон 303 сомонӣ аст. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ва мизони маоши миёна дар кишвар андаке беш аз 1300 сомонӣ сомонӣ, муодили 130 доллари амрикоӣ, аст.

Умед Давлатов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан аз аввали имсол нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон бамаротиб боло рафтааст, аммо ба эътиқоди ӯ, “ин амр ғайричашмдошт ва дар пайи ҳангомаи мардум аз бемории COVID-19 сурат гирифта буд”.

“Бояд таъкид кунам, ки дар се соли ахир дар маҷмуъ маоши кормандони буҷавӣ ва нафақа то 35 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар аввали имсол мардум аз тарси хуруҷи бемории COVID-19 ба харидани маводи ғизоӣ пардохтанд ва нархи он якбора боло рафт. Чунин вазъ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешуд ва он ғайричашмдошт буд. Ҳукумати Тоҷикистон тавонист дар фурсати кӯтоҳ вазъ дар бозорҳоро ба эътидол дароварад", -- афзуд вай.

Ду ҳафта пеш Радиои Озодӣ дар саҳифааш дар Ютуб пурсиши ғайрирасмиеро анҷом дод, ки барои зиндагӣ дар Тоҷикистон чанд пул кофӣ аст. Аз 31 ҳазор нафаре, ки дар пурсиш ширкат карданд, 85 дарсад ба ин назаранд, ки бо се ҳазор сомонӣ метавон зиндагии хубе дошт.

Ҳашт дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, бо ду ҳазор сомонӣ метавонанд зиндагии осудае дошта бошанд, ду дарсади дигар аз 700 то 1000 сомониро кофӣ донистаанд. Танҳо 3 дарсад аз иштирокдорон бовар доранд, мешавад бо 400 сомонӣ зист.

Бори охир маошу нафақаҳо дар Тоҷикистон ду сол пеш – моҳи сентябри соли 2018 то понздаҳ дарсад боло бурда шуда буд.

XS
SM
MD
LG