Қарор буд, нахустнамоиши "Мекен" моҳи январи соли равон баргузор шавад, вале мақомот баъди он ки фаҳмиданд филм дар бораи фасодкории мансабдорон ва ҷанҷоли сокинон бо сармоягузорони чинӣ қисса мекунад, ба намоиши он иҷозат надоданд.
Ба гуфтаи муаллифон, муҳтавои филм ба комиссия, ки ба ҳайати он намояндагони Вазорати тандурустӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Қирғизистон низ шомиланд, писанд наомадааст. Комиссия ба коргардони филм пешниҳод кардааст, ки баъзе аз қисматҳои филм бурида шавад.
"Онҳо пешниҳод карданд, ки саҳнаи додани пул бурида шавад. Вале мо розӣ нашудем, онҳо низ исрор карда, мегӯянд, шумо моро бад намоиш медиҳед. Вале мо гуфтем, ки ин филми ҳуҷҷатӣ нест ва мо ҳам намоиш намедиҳем, ки маҳз вазир пора мегирад", - изҳор дошт коргардони филм Медербек Жалилов.
Вале яке аз аъзои комиссия бо номи Баян Саригул мегӯяд, филм камбудҳои зиёд дошт. "Гӯиё дар Қирғизистон ҳоло бо фасодкорӣ мубориза намебаранд. Вале дар ҳақиқат президенти пешин, ду сарвазири пешин ва ду додситони кулли пешин барои фасодкорӣ зиндонӣ шудаанд", - афзуд ӯ.
Филмро дар Интернет дар ду рӯз беш аз ним миллион нафар тамошо кардаанд. Бештари бинандаҳо барои ин филм ба филмсозон миннатдорӣ баён намудаанд.
Дар таҳияи филми "Ватан" ҳудуди 100 ҳазор доллар харҷ шудааст. Таҳиягарон бар ин буданд, ки аз ҳисоби пули билети тамошобинон метавонанд ин маблағро баргардонанд. Вале ҳоло маҷбуранд, харҷи худро аз ҳисоби кумаку пули эъломҳо дар Интернет рӯйпуш намоянд.