Ссылки доступа

Маҳбусони фирории ӯзбек дар Қирғизистон боздошт шуданд


Марзбонони Қирғизистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ дар боздошти ду маҳбуси фирорие кумак карданд, ки мехостанд Ӯзбекистонро тарк кунанд.

Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, маҳбусони фирорӣ ҳангоми кушиши убур аз марз дастгир ва ба ҷониби Ӯзбекистон таслим шудаанд.

Ҳодиса дар деҳаи Бел-Согот ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рух додааст. Ду шаҳрванди Ӯзбекистон, 24 ва 29-сола дар натиҷаи амалиёти муштараки марзбонони қирғиз бо Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон дастгир шуданд.

Ҷониби Ӯзбекистон пештар Қирғизистонро огаҳ карда буд, ки ду маҳбус аз зиндони Зангиотаи вилояти Тошканд фирор кардаанд ва эҳтимол дорад, ба он кишвар паноҳ баранд.

XS
SM
MD
LG