Ссылки доступа

Гирифторӣ ба коронавирус дар Қирғизистон дар ду ҳафтаи охир қариб 40 дарсад кам шудааст


Қубодбек Боронов, сарвазири Қирғизистон дар як нишасти хабарӣ рӯзи 5 август гуфт, ки теъдоди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвараш кам мешавад.

"Гирифторон кам, шифоёфтагон бештар мешаванд - ин нишондоди хуб аст. Дар 14 рӯзи охир сабти ҳолатҳои нав 39,2 дарсад кам шудааст. Аммо касе кафолат намедиҳад, ки мавҷи дувум барнамехезад, бо ин мушкил бисёре аз кишварҳо рӯ ба рӯ шудаанд", - гуфт Боронов.

Вай афзуд, ки чораҳои пешгирикунандаро тақвият мебахшанд ва тирамоҳ зидди зукком ва дигар бемориҳои роҳи нафас воксин мезананд.

Сарвазири Қирғизистон гуфт, ҳукумати кишвараш дору ва дастгоҳҳои лозимиро харидорӣ хоҳад кард.

Фаъолияти бархе аз беморхонаҳои муваққат дар шаҳри Бишкек манъ шудааст.

"Бархе аз беморхонаҳои муваққат холӣ шудаанд. Касе муроҷиат намекунад. Барои сарфаи харҷҳо ва неруи инсонӣ тасмим шуд, ки бархе аз онҳо баста шаванд", - хабар доданд аз ҳукумати шаҳир Бишкеки Қирғизистон.

Бино ба вазъияти 5 август, дар Қирғизистон дар тамоми давраи вуруди коронавирус ба ин кишвар 38 ҳазору 110 ҳолати гирифторӣ ва 1438 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG