Ссылки доступа

Буҷавиҳои Туркманистонро ба рухсатии бемузд фиристоданд


Бино ба навиштаи расонаҳо, дар шарқи Туркманистон кормандони буҷавиро ба рухсатии меҳнатии бемузд фиристодаанд.

Дар ҳоле, ки иқтисоди Туркманистон аз паҳншавии коронавирус зарба мехӯрад, мақомоти он кишвар ҳамоно иддао доранд, дар кишвараш ҳеч ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст.

"Мактабҳо, мақомоти маҳаллӣ, корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва алоқа, ширкатҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳо фабрикҳо то 80 дарсади коргаронро ба рухсатии бемузди 90-рӯза фиристоданд", - хабар дод як манбаъ аз вилояти Лебапи Туркманистон.

Мақомоти он кишвар сабаби ин гуна тасмимро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG