Ссылки доступа

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11-уми октябр баргузор мешавад


Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарор кард, ки интихоботи ояндаи раиси ҷумҳур рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор шавад. Қарори мазкур рӯзи 6-уми август дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Душанбе қабул шуд.

Дар ин бора Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод.

Бар асоси қонун, акнун ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқҳои касабаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо метавонанд, номзадҳои худро ба мақоми раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон пешниҳод кунанд. Интихоботи қаблии президент 6-уми ноябри соли 2013 доир гашта буд.

Ин шашумин интихоботи президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мешавад. Президенти Тоҷикистон ба муддати 7 сол интихоб мешавад. Довталаби курсии президентӣ бояд камаш 10 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад забони давлатии тоҷикиро донад, маълумоташ олӣ ва худ ҳадди аққал 30-сола бошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз соли 1992 кишварро раҳбарӣ мекунад, яке аз номзадҳои асосӣ ба курсии президентӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон чандин дафъа қонуни интихобот тағйир ёфт ва имкон дод, ки раисҷумҳур бидуни маҳудият дар сари қудрат боқӣ монад.

Дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 номзадии шаш нафар -- Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ ва ҳамзамон президенти Тоҷикистон, Абдулҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ, Исмоил Талбаков, раиси вақти ҲКТ, Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Толиббек Бухориев, намояндаи Ҳизби аграрӣ, пешбарӣ шуда буд.

Номзади мухолифин ҳомии ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова, ки аз сӯи ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ пешбарӣ шуда буд, ба ҷамъоварии имзоҳои зарурӣ барои сабти номи номзадияш муваффақ нашуд. Ҷонибдорони ӯ гуфтанд, ки мавриди таъқибу фишори мақомоти маҳаллӣ қарор доштанд.

Соҳибназарон он замон гуфтанд, ки интихобот бидуни рақобат ва бо ширкати номзадҳо аз ҳизбҳои моил ба давлат ва ё ба истилоҳе "кисагӣ", баргузор шуд.

Ҳайъати нозирони интихоботии кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) он замон интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба қонунгузории ин кишвар арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони байналмилӣ, ки то кунун интихоботҳои Тоҷикистонро назорат кардаанд, гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо демокративу шаффоф ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ набудаанд.

XS
SM
MD
LG