Ссылки доступа

Коргарони ширкати марбут ба шаҳроди Тошкандро шабона ба хонаҳояшон рухсат намедиҳанд


Садҳо тан аз коргарони ширкати Imzo Akfa дар шаҳри Тошканди Узбекистон, ки ба истеҳсоли дару тирезаҳои плостик машғул аст, ду ҳафтаӣ ба таври шабонарӯз дар коргоҳ кор мекунанд.

Дар аксҳое, ки дастраси расонаҳо шуданд, ҷойхоби коргарон дида мешавад. Дар коргоҳи мазкур дар маҷмуъ 500 кас кор мекунад. Як коргари ширкати Imzo Akfa рӯзи 4 август дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки нигаҳдории дуҳафтаии коргарон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус аст.

Бархе аз коргарон гуфтанд, ки чунин низоми кор аз 10 июл ба ин тараф ҷараён дорад.

Корхонаи Imzo Akfa яке аз даҳҳо ширкате аст, ки ба ҳолдинги Akfa Group шомил мешавад. Ин ҳолдинг ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG