Ссылки доступа

Се виллаи марбут ба Лола Каримоваро дар Ҳолливуд бо арзиши $19 млн ба фурӯш гузоштанд


Се виллаи марбут ба Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро дар теппаҳои Ҳолливуди ИМА ба фурӯш гузоштанд.

Ин виллаҳо моликияти муштараки Лола Каримова ва шавҳари вай Тимур Тиллоев дониста мешаванд.

Ба иттилои расонаҳо, арзиши умумии виллаҳо 18,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Расонаҳо менависанд, Лола Каримова ва Тимур Тиллоев виллаҳоро соли 2014 бо қимати 16,1 миллион доллар харидаанд. Ин хонавода дар виллаҳои мазкур зиндагӣ накарда, онҳоро ба иҷора додаанд.

"Тиллоев ва Каримова дар қасри дигаре дар Беверлӣ-Ҳиллз зиндагӣ мекунанд. Масоҳати ин хона 48 ҳазор метри мураббаъ аст ва зану шавҳар онро соли 2013 бо қимати 33 миллион доллари ИМА харида буданд", - менависад нашрияи Variety.

Ба навиштаи нашрия, ин гаронтарин амволи Каримоваву Тиллоев нест.

"Хонаводаи мазкур байни Беверлӣ-Ҳиллз, Порис ва Швейтсария зиндагӣ мекунад. Онҳо дар яке аз кӯчаҳои Женева манзиле доранд, ки бо қимати 47 миллион доллари ИМА харида буданд", - иттилоъ медиҳад нашрия.

XS
SM
MD
LG