Ҳамакнун нисбати ин шаҳрванди Узбекистон бо моддаи "Содир кардан ва ё таҳдиди теракт" парванда боз шудааст.
Ба иттилои мақомоти додстонии он кишвар, Суҳроб Каримов ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Дар сурати исботи айб, Каримов аз 5 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.
Каримови 32-сола рӯзи 3 август ба шуъбаи "Бонки универсал" ворид ва таҳдид кард, ки бонкро метарконад. Вай талаб кард, ки намояндагони расонаҳоро ба ҳузураш роҳ диҳанд ва ба вай ҳамзамон 40 ҳазор гривен (муодили 1,4 ҳазор доллар) бидиҳанд.
Суҳроб Каримовро дар пайи амалиёти вижаи неруҳои қудратии Украина боздошт карданд.