Ссылки доступа

Бозпурсии соҳиби киштие, ки маводи дохили он боиси таркиш дар Бейрут шуд


Бейрут после взрыва
Бейрут после взрыва

Пулиси Қибрис (Кипр) рӯзи панҷшанбе соҳиби эҳтимолии киштиеро бозпурсӣ кард, ки маводи дохили он рӯзи 4 август боиси таркиш дар Бейрути Лубнон шуд.

Пулис шахсияти бозпурсишударо ошкор намекунад, аммо расонаҳо навиштанд, соҳиби киштӣ тоҷири рус Игор Гречушкин аст, ки айни замон дар Қибрис истиқомат дорад.

Мақомоти Лубнон шаш сол пеш аз ин киштӣ 2750 тона селитраи аммиакро мусодира карданд, ки ин селитраҳо дар анборе дар бандари Бейрут таркиданд. Мақомоти тафтишотии Лубнон гуфтанд, хунукназарӣ боиси таркиши рӯзи 4 август шудааст. Эҳтимол дорад, корҳои кафшергарӣ боиси таркиш шуда бошад.

Бино ба иттилои охир, ин таркиш 149 қурбонӣ ва наздики 5 ҳазор маҷруҳ дар пай гузоштааст. Таркиши азим қисме аз бандар ва атрофи онро маҳв кард. На камтар аз 250 ҳазор сокини пойтахти Лубнон бесарпаноҳ мондааст.

Мақомот гуфтанд, 16 касро боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Бештари онҳо коргарони бандар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG