Ссылки доступа

Дар наздикии шаҳри Тошканд бидуни огоҳии соҳибмулкон истироҳатгоҳҳоро тахриб мекунанд


Бархе аз истироҳатгоҳҳо (дачаҳо)-ро дар деҳаҳои "Хумсон" ва "Хоҷакант"-и ноҳияи Бустонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон бо баҳонаи ғайриқонунӣ будан тахриб мекунанд.

Соҳибони истироҳатгоҳҳо мегӯянд, амволи эшонро бидуни огоҳӣ ва дар ғайби онҳо тахриб кардаанд. Ба гуфтаи бархе аз шоҳидон, дар ду ҳафтаи ахир қариб даҳ истироҳатгоҳ дар деҳаҳои "Хумсон" ва "Хоҷакант" тахриб шудааст.

"Истироҳатгоҳҳо дар ғайби соҳибмулкон тахриб мешавад. Вақте соҳибони онҳо ҳозир мешаванд, тахрибгарон ба мошинҳои худ нишаста, фирор мекунанд. Ҳеч санаде ҳам дар бораи қонунӣ будани тахрибҳо нишон намедиҳанд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Дар як наворе, ки дастрасӣ расонаҳо шуд, дида мешавад, ки чи гуна соҳиби яке аз чунин истироҳатгоҳҳо бо тахрибгарон ҷанҷол мекунад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти ноҳияи Бустонлиқ мегӯянд, касе аз тахриб шудани истироҳатгоҳаш шикоят накардааст.

Ёдрас мешавем, Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон соли 2017 фармон дар бораи таъсиси минтақаи озоди сайёҳиро дар ноҳияи Бустонлиқ имзо карда буд.

Бино ба ин фармон, бояд сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар ду канори дарёи Чарвак ва Угам тахриб карда шаванд.

XS
SM
MD
LG