Ссылки доступа

Теъдоди донишҷӯёни буҷавиро дар факултаҳои тиббии Қирғизистон бештар карданд


Ба далели афзоиши талабот ба мутахассисони соҳаи тиб, бо фармони вазорати тандурустии Қирғизистон теъдоди донишҷӯёни буҷавӣ дар факултаҳои тиббии донишгоҳҳои давлатии он кишвар бештар шуд.

Дар ин бора аз мақомоти вазорати тандурустии Қирғизистон хабар доданд.

"Дар соли хониши 2020-2021 теъдоди донишҷӯёни буҷавӣ дар факултаҳои тиббии донишгоҳҳои давлатӣ афзоиш дода шуд", - гуфт Ойгул Бообекова, як мақомдори вазорати тандурустии Қирғизистон. Ба гуфтаи вай, 250 донишҷӯёни дигар дар соли нави таҳсил дар факултаҳои тиббӣ аз ҳисоби буҷаи кишвар таҳсил хоҳанд кард.

Бо афзоиши паҳншавии вируси корона дар Қирғизистон соҳаи тандурустии он кишвар бо камбуди мутахассисон рӯ ба рӯ шуд. Ҳукумати Қирғизистон аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки маълумоти тиббӣ доранд, дархост кард, дар асоси шартнома бо муассисаҳои тиббӣ ҳамкорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG