Ссылки доступа

Трамп фармон содир кард: TikTok ва WeChat ба ширкатҳои амрикоӣ фурӯхта нашаванд, баста хоҳанд шуд


Доналд Трамп, президенти ИМА фармони манъи фаъолияти TikTok ва WeChat-ро дар ҳудуди ИМА содир кард, ки бино ба ин фармон, агар онҳо ба ширкатҳои амрикоӣ фурӯхта нашаванд, дар 45 рӯзи оянда баста хоҳанд шуд.

Фармон ҳамагуна созиш бо ширкати чинии ByteDance - молики шабакаҳои машҳури иҷтимоии TikTok-ро манъ мекунад. Чунин фармон нисбати ширкати технолоҷии чинии Tencent, молики барномаи WeChat ҳам содир шудааст.

Бино ба изҳороти Кохи сафед, таҳримҳо ба хотири "бартарафсозии хатар"-е андешида шудаанд, ки платформаҳои мазкур ба амнияти ИМА эҷод мекунанд. Дар ин бора сухангӯи Кохи сафед иттилоъ дод.

Ба бовари Трамп, шабакаи иҷтимоӣ ва паёмрасони мазкур, ки аз сӯи ширкатҳои чинӣ таҳия шудаанд, "ба амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва иқтисод"-и ИМА таҳдид мекунанд. Трамп мегӯяд, TikTok маълумоти шахсии корбарони амрикоиро ҷамъоварӣ мекунад, ки ба бовари вай, "эҳтимол ба Чин имкони таъқиби мансабдорон ва пудратчиёни амрикоиро фароҳам меоварад".

Дар ширкати чинӣ ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки TikTok тасмими тарки бозори амрикоиро надорад. Венесса Паппас, намояндаи ширкат гуфт, ин шабака барои ҳифзи иттилои шахсӣ бехатар аст.

Шабакаи иҷтимоии TikTok имкони табодули видеоҳои 15-сонияиро фароҳам меоварад. Дар ин шабака корбарон суруд мехонанд, мерақсанд ва дигар ҳунарҳои худро ба намоиш мегузоранд. Шабака дар 150 кишвари дунё наздики 1 миллиард корбар дорад.

XS
SM
MD
LG