Ссылки доступа

Ҳабси як мудири оҷонси хусусии шуғл дар Тошканд


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон мудири оҷонси хусусии шуғли “International Job Organization"-ро ҳабс карданд. Дар ин бора мақомоти тафтишотии он кишвар иттилоъ доданд.

Мақомот гуфтанд, мудири ҳабсшуда дар асоси моддаи "Қаллобӣ, азхудсозии молу мулки ғайр ва ё ба даст овардани дороии дигарон бо роҳи фиреб ва ё сӯистифода аз боварӣ" айбдор дониста мешавад.

Мудири ҳабсшуда ба чанде аз шаҳрвандон ваъда кардааст, ки онҳоро барои кор ба Куриё ва Аврупо мефиристад.

Аммо ин мудир аз 132 шаҳрванд қариб 4,5 ҳазордолларӣ ҷамъоварӣ карда, касеро ба хориҷ ба кор нафиристодааст. Ба иттилои мақомот, вай бештар аз 550 ҳазор доллари шаҳрвандонро аз худ кардааст.

XS
SM
MD
LG