КДАМ мегӯяд, Абдуллоев рӯзи 8 август боздошт шуд, дар ҳоле, ки вакили мудофеаи вай гуфт, Абдуллоевро шоми 9 август боздошт карданд. КДАМ боздошти рӯзноманигорро ба иҷрои Конвенсияи Минск дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои шаҳрвандӣ, хонаводагӣ ва ҷиноӣ рабт дод. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки Абдуллоевро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон барои содир кардани чанд ҷиноят дар пайгард қарор додаанд.
Абдуллоевро дар боздоштгоҳи КДАМ нигаҳдорӣ мекунанд. Айни замон додситонии кулли Қирғизистон масъалаи истирдоди ӯро ба Узбекистон баррасӣ мекунад.
Вакили мудофеи рӯзноманигор гуфт, ки ӯро дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт кардаанд.