Ссылки доступа

Ронандагони автобус дар шаҳри Семеи Қазоқистон корпартоӣ карданд


Дар шаҳри Семеи Қазоқистон даҳҳо коргари ширкати Semey Bus, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст, корпартоӣ карданд.

Ба гуфтаи ронандагон, аз рӯи шартномаи меҳнатӣ ҳар кадом коргар дар рӯз бояд 10 ҳазор танга (наздики 23 доллари ИМА) музд бигирад, аммо моҳи ҷорӣ ба онҳо ҳамагӣ чаҳор-панҷ ҳазортангаӣ пардохтаанд.

Ба гуфтаи ронандагони норозӣ, роҳбарияти ширкат дар посух ба даъвои коргарон гуфтааст, ки "Агар намехоҳед, аризаи аз кор рафтанро нависед".

Ронандагон ҳамзамон аз набуди бимаи тиббӣ, нафақа ва ҷаримаҳои рӯзафзун шикоят карданд.

49 дарсади саҳмияи парки нақлиёти ҷамъиятиро ҳукумати шаҳри Семе дар ихтиёр дорад. Ронандагон талаб карданд, ки роҳбарияти шаҳр ба ҳузури онҳо барояд.

Ин бори аввал нест, ки коргарони ширкати Semey Bus эътироз мекунанд. Пештар аз ин барои напардохтани музди меҳнат дар моҳи июл коргарон эътироз баён карда буданд.

XS
SM
MD
LG