Ссылки доступа

Созмонҳои хайрия баъди таркиши Бейрут ваъдаи кӯмак ба Лубнонро доданд


Сокинони Бейрути Лубнон баъди таркиши азим дар ин шаҳр, рӯзҳои шанбе ва якшанбе даст ба тазоҳуроти хашин заданд. Рӯзи якшанбе созмонҳои хайрияи байналхалқӣ аз оғози маъракаи ҷамъоварии кӯмак ба Лубнон хабар доданд.

Бино ба баҳогузории СММ, барои бартарафсозии пайомадҳои таркиши рӯзи 4 августи Бейрут Лубнон тақрибан ба 117 миллион доллар ниёз дорад. Дар натиҷаи таркиш 160 кушта, ҳазорон тан маҷруҳ ва наздики 300 ҳазор шаҳрванд бесарпаноҳ мондааст.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса бо СММ нишасти маҷозӣ баргузор ва масъалаи кӯмак ба Лубнонро баррасӣ кард. Даҳҳо кишвар изҳор доштанд, ки омодаӣ кӯмак ҳастанд. Дастгоҳи президенти Фаронса хабар дод, ки айни замон барои кӯмак ба Лубнон 298 миллион доллар ҷамъ шудааст.

Мақомоти Лубнон гуфтанд, таркиш 15 миллиард доллар хисорот овардааст. Гуфта мешавад, селитраи аммиак, ки дар анборҳои бандар нигаҳдорӣ мешуд, боиси таркиш гардидааст. Эҳсоси ноумедии мардум якбора ба эътироз табдил шуд. Сокинон мегӯянд, хунукназарӣ ва идораи номуваффақонаи элитаи сиёсӣ боиси таркиш шудааст.

XS
SM
MD
LG