Ин шаҳрвандонро рӯзи 9 август тариқи қатора аз вилояти Самараи Русия ба Узбекистон оварданд.
"Шаҳрвандон сокинони ноҳияҳои мухталифи кишвар ҳастанд. Ҳамаи онҳо 10 рӯз таҳти назорат мемонанд", - омадааст дар хабари мақомоти вилояти Намангон.
Аз оғози вуруди вабои коронавирус дар Русия бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бекор ва бе даромад монданд. Қисме аз онҳо тасмим гирифтанд, ки ба ватанҳояшон баргарданд. Аммо баста будани марзи байни давлатҳо баргаштани онҳоро мушкил кард.