Ссылки доступа

Ҳукумати Лубнон баъди эътирозҳо ба истеъфо рафт


Ҳукумати Лубнон баъди эътирозҳои оммавие ба истеъфо рафт, ки дар пайи таркиши бандар ташкил шуданд. Дар ин бора вазири тандурустии он кишвар Ҳамид Ҳасан хабар дод.

"Тамоми ҳукумат ба истеъфо рафт", - гуфт Ҳасан. Вай афзуд, сарвазир Ҳасан Диаб ба қароргоҳи президент Мишел Ауна рафт, ки дархости истеъфои тамоми вазиронро таслим кунад.

Пештар аз ин вазири адлияи Лубнон Марӣ-Клод Наҷим, вазири иттилоот Манал Абдул Самад, вазири молия Ғозӣ Вазнӣ истеъфо дода буданд.

Эътирозҳо дар Лубнон рӯзҳои истироҳати гузашта сар заданд ва бо занозанӣ бо пулис табдил шуданд. Дар ин занозанӣ даҳҳо тан ҷароҳат бардоштанд. Рӯзи 9 август эътирозгарон чанд бинои ҳукуматиро ишғол карданд, аммо пулис дубора биноҳоро озод кард. Пулис ва низомиён аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода карданд. Эътирозгарон истеъфои ҳукумат ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани масъулонеро талаб карданд, ки бехатарии колои бандарро таъмин накарданд.

Рӯзи 5 август дар бандаре дар Бейрут миқдори зиёди селитраи аммиак таркид. Ҳадди ақал 158 кас кушта, наздики 5 ҳазор кас маҷруҳ шуд. Қариб 250 ҳазор каси дигар бе сарпаноҳ монд. Мақомот гуфтанд, барои барқарории оқибати таркиш чанд миллиард доллар сарф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG