Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса субҳи 11-уми август "дар пайи муноқишаи оилавӣ рух дод". Ҷузъиёти муноқиша ё сабабҳои дигари қасди худкушии вазир маълум нест ва хонаводааш ҳанӯз дар ин замина суҳбат накардаанд.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми август гуфтанд, Худоёрзодаи 62-сола дар хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе "бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст."
Ба иттилои манбаъ, ҳамсар ва фарзандони вазир дар хона будаанд ва ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расондаанд: "Айни ҳол, Худоёрзода дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмаии тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад."
Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Худоёр Худоёрзода аз моҳи январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон аст. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2013 то 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кардааст.