Ссылки доступа

Фарғонаи Узбекистон ба мавҷи дувуми коронавирус омода мешавад


Вилояти Фарғонаи Узбекистон ба мавҷи дувуми вабои COVID-19 омодагӣ мебинад. Дар ин вилоят бештар аз 12 ҳазор кат барои гирифторони эҳтимолӣ омода шудааст.

Мақомоти он вилоят хабар доданд, ки 500 дастгоҳи нафасдиҳӣ ва 5 ҳазор адад дастгоҳи набзсанҷ дар ба вилоят оварда шудааст.

"Беморхонаҳо бо захираҳои дастгоҳҳову доруҳо таъмин мешаванд. Барои захираи дору 975 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Бо 300 ҳазор доллари ИМА аз Чин дастгоҳи нафасдиҳӣ ва набзсанҷ харидорӣ шудааст", - омадааст дар хабари мақомоти он вилоят.

XS
SM
MD
LG