Ссылки доступа

Трамп нишасти хабариро баъди садои тирпарронӣ қатъ кард


Рӯзи душанбеи 10 август президенти ИМА Доналд Трамп дар Кохи сафед нишасти хабариро якбора қатъ ва толорро дар иҳотаи муҳофизон тарк кард.

Баъди чанд дақиқа вай баргашт ва хабар дод, ки дар наздикии Кохи сафед тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Баъдтар маълум шуд, ки як маъмури Хадамоти амниятии раиси ҷумҳури Амрико як мардеро дар назди Кохи Сафед бо зарби тири туфанг маҷруҳ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Амрико, ин мард бо аслиҳа ба афсар наздик шуда, силоҳашро берун кашидааст.

Хадамоти амниятии Амрико гуфт, ки марди 51-соларо аз баданаш маҷруҳ кардаанд ва у дар шифохона муолиҷа мегирад. Доир ба вазъи сиҳатии ин мард чизе нагуфтаанд.

Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ марде, ки маҷруҳ шуд, ҳангоми навбатдории афсар дар куҷи як кӯча, ба ӯ наздик шуда ва гуфтааст, мусаллаҳ аст ва онгуна ҳаракат кардааст, ки гӯё аслиҳаро гирифта, афсарро тир мезанад. Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ, ба ҷони ҳеҷ касе дар Кохи Сафед хатар таҳдид накардааст.

XS
SM
MD
LG