Ссылки доступа

Як марди карантиншуда дар Тошканд аз ошёнаи чаҳорум ба замин парид ва фавтид


Марди 31-солае аз вилояти Сурхандарёи Узбекистон, ки дар шаҳри Тошканд дар карантин қарор дошт, рӯзи 10 август худро аз ошёнаи чаҳорум ба замин ҳаво дод ва ҳалок шуд.

Ба иттилои мақомоти он кишвар, ин мард рӯзи 4 август аз шаҳри Қазони Русия ба Узбекистон омада буд. Ташхиси вай нишон дод, ки ба коронавирус мубтало нест.

Пайвандони мард гуфтанд, дар равони марҳум носолимӣ мушоҳида мешуд. Айни замон барои муайян кардани вазъи равонии марди фавтида ташхис шуруъ шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Узбекистон карантиншудаҳо даст ба худкушӣ мезананд. Моҳи июн марди 42-солае дар карантин худкушӣ кард.

XS
SM
MD
LG