Ссылки доступа

Қирғизистон истирдоди сарвазири пешинро аз Белорус талаб дорад


Вазорати корҳои хориҷии (ВКХ) Қирғизистон рӯзи 11 август намояндаи сафорати Белорусро дар Бишкек эҳзор кард.

Ба иттилои маркази матбуотии ВКХ, ҷониби Қирғизистон дар ин мулоқот аз намояндаи Белорус талаб кард, дар мазҳари ом ҳозир шудани сарвазири пешини Қирғизистон Дониёр Усеновро шарҳ диҳад, ки дар пайгард қарор дорад. Сарвазири пешини Қирғизистон аз сӯи додгоҳи ин кишвар барои содир кардани ҷиноят дар ғайбаш маҳкум ба зиндон шудааст.

"Таваҷҷуҳи дипломати белорус ба он ҷалб шуд, ки чунин иқдомҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба зарба мезананд. ВКХ Қирғизистон нотаи эътирозиро ба ҷониби Белорус таслим ва аз намояндаи Белорус талаб кард, ки барои боздошт ва истирдоди сарвазири пешин чораҷӯӣ кунанд", - омадааст дар хабари ВКХ.

Александр Лукашенко, президенти амалкунандаи Булорус рӯзи 10 август ба корхонае рафт, ки ӯро марди монанда ба Дониёр Усенов, сарвазири пешини фирории Қирғизистон ҳамроҳӣ мекард. Усенов баъд аз инқилоби соли 2010 Қирғизистонро тарк кард. Пештар хабар расида буд, ки вай бо ивази ному насаб шаҳрвандии Белорусро дарёфт ва дар он кишвар зиндагӣ ихтиёр кардааст.

XS
SM
MD
LG