Ссылки доступа

Белорус: шаби севуми эътирозҳо - занозаниҳои нав бо пулис


Дар шаҳри Мински Белорус шаби гузашта миёни эътирозгарон ва ҳомиёни тартибот дубора занозанӣ сурат гирифт.

Пулис бори дигар аз норинҷакҳои садоафкан, гази ашковар ва тирҳои резинӣ кор гирифт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, хабарнигорон латту кӯб мешаванд.

Рӯзи сешанбеи 11 август дар Минск пулис ба гуруҳи наворбардорони Бӣ-бӣ-сӣ ҳамла кард. Ҳар се наворбардори боздоштшудаи Бӣ-бӣ-сӣ барои фаъолият иҷозат доштанд.

Пулисе нишонии сари синаи наворбардорро канд ва дастгоҳи наворбардориро аз дасташ гирифт. Ду хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ аз пулис талаб карданд, ки корти наворбардорро баргардонад. Дар посух пулис ба латту кӯби наворбардор шуруъ карданд.

Эътирози шоми сешанбе аз эътирозҳои ду рӯзи гузашта фарқ дошт, мегӯянд шоҳидон аз Минск. Рӯзи 10 август гуруҳҳои бузурги эътирозгарон дар се минтақа ҷамъ шуданд. Рӯзи сешанбе гуруҳи хурде аз эътирозгарони ҷавон дар кӯчаву тангкӯчаҳо қадам заданд ва аз пулис пинҳон шуданд.

Яке аз ширкатдорони эътирозҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ба далели набудани интернет сокинон намедонад, ки дар шаҳр чӣ мегузарад.

Шаҳрвандони Белорус, ки дар Москва қарор доранд, пушти дари сафорати кишварашон гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

XS
SM
MD
LG